Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави ИМА ба Эрон


ИМА бори дигар Эронро аз паёмадҳои ногувори сарпечияш аз ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаии кишвар ҳушдор дод. Суханӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс иэҳор намуд, ки замони музокирот ва ҳамроҳ ба он сабру таҳаммули ҷомеъаи ҷаҳонӣ поён меёбад.
Аз ин пеш хабар дода шуд, ки Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ваё МАГАТЭ нахустин посухи расмии Теҳрон ба пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои миёнарав дар мавриди тавлиди маводи сӯхт барои Эрон дар хориҷи кишварро дастрас кард. Дар номаи мақомоти Эрон омадааст, ки Теҳрон ба табодули захоири урани худ бо маводи сӯхти ҳастаӣ мухолиф нест ва аммо ин раванд бояд дар қаламрави Эрон ҷараён бигирад.
XS
SM
MD
LG