Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши пурқурбонӣ дар як кони ангишти Туркия


Бар асари таркиши газ дар як кони ангишти Туркия 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Фоҷиа дар кони ангишти канори шаҳри Дурсунбей, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, рӯх дод. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, 20 тан аз ангиштканон бидуни осеби ҷиддӣ аз кон берун бароварда шуданд.
Ин дуввумин фоҷиа дар ин кон дар солҳои ахир аст. Моҳи июни соли 2006 дар ҳамин гуна ҳодиса ҳамин теъдоди ангиштканон, яъне 17 нафар, ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG