Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз таъқиби хабарнигорони тоҷик


Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили кишвар (НАНСМИТ) аз таъқиби ду хабарнигор изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар изҳороти муштараки ин ду ниҳод гуфта шудааст, ки хабарнигор Маҳдии Собир барои нашри матолиб дар нашрияҳои “Дунё” ва “Озодагон” оид ба ислоҳот дар артиш се моҳ боз аз сӯи гурӯҳи афроди ношинос таъқиб мешавад. Хабарнигори Радиои Озодӣ Абдулмӯъмин Шерхонов (Мӯъмин Аҳмадӣ) барои гузориши радиоӣ ва матлабе дар нашрияи “Миллат” дар бораи ҳалокати як сарбоз мавриди таъқибу таҳдиди комиссари низомии ноҳияи Восеъ Искандар Назаров қарор гирифт. Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва НАНСМИТ аз Додситони кулли Тоҷикистон ва дигар мақомоти қудратии кишвар хостаанд, ки ин қазияҳоро тафтиш ва аз нақзи ҳуқуқҳои хабарнигорон ҷилавгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG