Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли се масеҳӣ дар шимоли Ироқ


Дар шаҳри Мосул, воқеъ дар шимоли Ироқ, афроди мусаллаҳи ношинос ба манзиле ворид шуда аъзои як хонаводаи масеҳиёни маҳаллӣ - падар ва ду писарро эъдом карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳамлаҳои мусаллаҳона дар ин шаҳр қариб ҳар рӯз сурат мегиранд. Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд, ки афзоиши хушунат дар арафаи интихоботи парлумонии рӯзи 7 март шояд ангезаи сиёсӣ дошта бошад.
Ҷамоати масеҳиёни шимоли Ироқ ду қисмат шудааст – бархе аз курдҳои ироқӣ ва гурӯҳе аз арабҳо пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG