Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Брюссел аз боздошти низомиён дар Туркия


Иттиҳодияи Аврупо аз боздошти низомиёни воломақоми Туркия бо иттиҳоми таҳияи табаддулоти давлатӣ изҳори нигаронӣ кард. Боздошти низомиён рӯзи душанбе сурат гирифт. Штефан Фюле, узви Комиссиюни Аврупо ва масъули масоили густариши Иттиҳодияи Аврупо, бо пахши як изҳорот аз мақомоти Туркия даъват кард, ки мурофиаи низомиёнро одилона доир кунанд. Рӯзи сешанбе дар Ситоди генералии артиши Туркия дар робита ба ҳабси низомиёни воломақом нишасти фаврӣ баргузор шуд. Дар бораи ҷузъиёти ин нишаст иттилоъе зери даст нест.
Бо иттиҳоми таҳия ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ тақрибан 50 низомии воломақом, аз ҷумла, фармондеҳони пешини нерӯҳои дарёӣ ва нерӯҳои ҳавоӣ боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG