Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди намояндаи СММ аз монеъагузориҳои Албания


Намояндаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Албания даъват кард, ки дар тафтиши далелҳои одамрабоӣ ва фурӯхтани узвҳои бадани инсон замони ҷанг дар Косово дар охирҳои солҳои 90-ум монеъа эҷод накунад. Ба гуфтаи Филип Элстон, мақомоти Албания дар тафтиши ин қазия монеъаҳои сунъӣ мегузоранд.
Дар Сербистон сару садоҳое пахш шудаанд, ки замони ҷанг дар Косово садҳо сербҳо рабуда ва кушта шуда, узвҳои бадани онҳо фурӯхта шудаанд. Дар рабудани онҳо албанитаборҳои Косово гумонбар мешаванд. Аз ин пеш Додситони Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг оид ба Югославияи собиқ Карла дел Понте ҳам ҳадс зада буд, ки замони низоъ дар Косово ин гуна ҷиноят содир шудааст.
Мақомоти Албания иттиҳомро рад карда ҳамзамон гуфтаанд, ки барои кумак дар тафтиши ин қазия омодаанд.
XS
SM
MD
LG