Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: Аврупо масъули бӯҳрон дар НАТО


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, ки паймони НАТО ба бӯҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст ва масъулияти ба вуқӯъ пайвастани ин вазъ бар дӯши кишварҳои аврупоист. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар Аврупо раванди демилитаризатсия ва ғайринизомишавй идома дорад, ки он ба таҳкими сулҳу амнияти саросарӣ мусоидат намекунад.
Зимни суханронй дар назди афсарони кишварҳои узви НАТО дар Вошингтон, вазири дифоъи ИМА хамчунин гуфт, ки касри буҷаи Паймон баёнгари мушкилиҳои амиқи НАТО-ст. Ӯ афзуд, ки норасоии чархболҳо ва ҳавопаймоҳои боркаш барои нерӯҳои НАТО дар амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон намунаи он аст, ки чӣ гуна мизони пасти сармоягузориҳо ба бахши дифоъ дар роҳи расидан ба аҳдоф дар Афғонистон мушкил эҷод мекунад.
XS
SM
MD
LG