Пайвандҳои дастрасӣ

Дуркунии хориҷиҳо аз назорати тақаллубҳои интихоботӣ


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон тағйироти нав ба қонунро имзо кард, ки тибқи он нозирони хориҷӣ аз ҳайати комиссияи шикоятҳои интихоботӣ, ки бо баррасии қазияи тақаллубу сохтакориҳо ҳангоми раъйдиҳӣ машғул аст, хориҷ мешаванд. Дафтари Карзай гуфт, ки парлумон ин қонунро бознигарӣ карда наметавонад, ба ин хотир, ки ҳангоми имзои он аз ҷониби Карзай маҷлис дар таътил будааст. Аз миёни ҳайати панҷнафараи комиссиюни шикоятҳои интихоботии Афғонистон се нафарашонро СММ таъйин мекунад. Ҳамин комиссиюн буд, ки соли гузашта баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ беш аз ним миллион баргаҳои тақаллубии раъйро, ки ба фоидаи Карзай навишта шуда буданд, бекор кард. Бо имзои тағйироти нав ба қонун ҳамакнун Карзай назорат бар ин комиссиюнро зери дасти худ мегирад. Сухангӯи президент Сиёмаки Ҳеравӣ гуфт, ки ҳамакнун Карзай худ ҳайати панҷнафараи комиссиюни шикоятҳои интихоботиро таъйин хоҳад кард. Тағйироти мазкур дар остонаи интихоботи нави парлумонии ин кишвар сурат мегирад, ки қарор буд дар моҳи май баргузор шавад. Вале баъди даъвати зиёд барои бознигарӣ шудани қонуни интихобот мӯҳлати баргузории интихобот чаҳор моҳ паспарто шуд.
XS
SM
MD
LG