Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар дувумин гузориши миёндавраии худ нозирон аз САҲА аз шеваи мудирияти таблиғотӣ дар Тоҷикистон, расидагӣ ба шикоятҳо ва шаффофияти кори ниҳодҳои интихоботӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Дар ин гузориш, ки рӯзи 22-юми феврал нашр шудааст, гуфта мешавад, "Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон аз рӯзи 19-уми январ ба ин сӯ, яъне дар муддати беш аз як моҳи айни авҷи маъракаи таблиғотӣ ягон ҷаласа баргузор накардааст, ки шаффофияти кор ва масъулиятшиносии онро зери суол мебарад."

Дар ин байн аз тарафи чанд ҳизби сиёсӣ дар мавриди мумониати мақомоти расмӣ ба маъракаи таблиғотии онҳо, аз ҷумла иттиҳомоте марбут ба мудохилаи полис ва ё истифодаи имкониятҳои мақомоти давлатӣ аз тарафи ҳизби ҳоким бо мақсади таблиғот шикоят кардаанд. Аммо ин шикоятҳо аксаран ба тамоми меъёрҳо ва шеваҳои шикоят ҷавобгӯ нестанд. Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон то ҳанӯз ягон шикоятро мавриди баррасӣ ва тасмимгирӣ қарор надодааст.

Аз сӯи дигар, ҳарчанд феҳрасти интихобкунандагон то рӯзи 13-уми феврал омода ва ба маърази ом гузошта шудааст, аз тарафи Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон ягон дастури мушаххаси шеваи таҳияи чунин рӯихатҳо дода нашуда, ҳар ҳавзаи интихоботӣ ба тарзи хоси худ чунин феҳратҳоро омода кардаанд.

Дар гузориш омадааст, "ба сурати умум, 3 459 164 нафар шомили ин номгӯйҳо шудаанд. Набуди як хазинаи умумӣ ва марказӣ имкон намедиҳад, ки номи интихобкунандагон ҳамаҷониба санҷида шуда, ба чанд бор дар ҷойҳои гуногун сабт шудани як интихобкунанда роҳ дода нашавад."

Инчунин набуди рӯйихатти умумимиллӣ, ба ақидаи нозирон, имкон намедиҳад, онҳое, ки аз ҷо ба ҷое кӯчидаанд, фавтидаанд ва ё дар муҳоҷират ба сар мебаранд, дақиқ карда шаванд.

Дар ҳоли ҳозир, маъракаи таблиғотӣ дар шакли мулоқотҳо бо интихобкунандагон, муроҷиат ва таблиғоти хона ба хона, тақсими варақаҳо ва часпондани аксу шиорҳо идома дорад. Нозирон мегӯянд: "Мулоқот бо раъйдиҳандагон умдатан аз тарафи кумиссюнҳои ҳавзаии интихоботӣ созмон дода шуда, ҳамаи номзадҳо ба онҳо даъват мешаванд. Дар бархе аз ҳавзаҳо аҳзоби сиёсӣ ё номзадҳо худ низ мулоқоту маҳфилҳои ҷудогона баргузор мекунанд. Аммо дар бархи дигар, кумиссюнҳои интихоботӣ ба баргузор шудани чунин мулоқотҳо роҳ намедиҳанд."

Нозирони Дафтари Ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА аз афзоиши матолиби марбут ба интихобот дар матбуот сиотиш мекунанлд, вале меафзоянд, "телевизион, ки манбаи асосии маълумоти мардум ба шумор меравад, то ҳоло роҷеъ ба интихобот иттилои маҳдуде медиҳад. Ба номзадҳо вақти озоди нашаротӣ дар радио ва телевизион дода хоҳад шуд. Чанд нашрия аз маъракаи интихоботӣ бозтоби қавитаре медиҳад ва чанд нашрияи дигар таҳти даъвоҳои додгоҳӣ ба сар мебаранд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG