Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйироти қонуни интихобот ба фоидаи Карзай


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон қонунро тағйир дода ҳамакнун комиссиюни шикоятҳои интихоботии кишвар зери назорати худ даровард. Дар интихоботи президентии соли гузашта ин комиссиюн аз як се ҳисса ва ё беш аз ним миллион баргаҳои раъйдиҳиро, ки ба фоидаи Карзай ҳисоб шуда буд, ҳамчун тақаллубӣ бекор кард. Сухангӯи президент Сиёмаки Ҳеравӣ гуфт, ки тибқи тағйироти нави қонун ҳамакнун Карзай худ ҳайати панҷнафараи комиссиюни шикоятҳои интихоботиро таъйин хоҳад кард. Бар тибқи қонуни пешин, аз панҷ се узви ин ниҳодро комиссиюни ёрирасони СММ дар Афғонистон таъйин мекард. Тағйироти мазкур дар остонаи интихоботи нави парлумонии ин кишвар сурат мегирад, ки қарор буд дар моҳи май баргузор шавад. Вале баъди даъвати зиёд барои бознигарӣ шудани қонуни интихобот мӯҳлати баргузории интихобот чаҳор моҳ паспарто шуд.
XS
SM
MD
LG