Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович ба Бруссел сафар мекунад


Тибқи гузоришҳо, Виктор Янукович, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Украина пирӯз шуд, бояд рӯзи душанбеи 1 март ба Бруссел сафар кунад. Ин нахустин сафари хориҷии ӯ ба ҳайси президенти Украина хоҳад буд. Сафари ӯ ба Бруссел пеш аз боздидаш аз Маскав сурат мегирад, ки чун талоше барои танзими равобити баробар бо Аврупову Русия арзёбӣ мешавад. Янукович бояд дар таърихи 25 феврал ба ҳайси президенти мунтахаби Украина дар ин мақоми худ савганд ёд кунад. Ҳарчанд таърихи сафари ӯ ба Маскав ҳанӯз мушаххас нест, аммо гуфта мешавад, ки боздиди вай бояд то рӯзи 10 март анҷом ёбад.

XS
SM
MD
LG