Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваққуфи баррасии даъвои додрасҳо зидди нашрияҳо


Дар мурофиаи имрӯзаи додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт баррасии даъвои се додрас аз болои нашрияҳои "Озодагон", "Фараж" ва "Азия-Плюс" то нимаи аввали моҳи март мавқуф гузошта шуд. Додрас Амриддин Сафоев гуфт, ки мурофиа пас аз анҷоми интихоботи парлумонии 28-уми феврал баргузор хоҳад шуд. Баҳси додгоҳии се нашрияи мустақил бо ду додраси додгоҳи олӣ ва як додраси шаҳри Душанбе дар охири моҳи январ, баъд аз нашри изҳороти Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ додситони кул ва вакили дифоъ, дар бораи вуҷуди мавориди фасод дар додгоҳи олӣ оғоз ёфт. Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва Фахриддин Додометов, нашрияҳои “Озодагон”, “Фараж” ва “Азия-плюс”-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, 5,5 миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб карданд. Оқои Ҷӯраев гуфт, ки муборизаашро “барои беадолатӣ дар додгоҳи олӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон” идома медиҳад”.
XS
SM
MD
LG