Пайвандҳои дастрасӣ

Фарзонаи Хуршед ба ду соли зиндон маҳкум шуд


Шоми имрӯз додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт овозхони маъруф Фарзонаи Хуршедро дар ёрӣ ба дӯсти писараш барои фирор аз толори додгоҳ муҷрим дониста ба ду соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи ноҳияи Сино ҳамчунин ҷавони фирорӣ Фаррух Рӯзиевро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ду корманди пулис, ки дар саҳлангорӣ ба ҳангоми фирори Фаррух муттаҳам мешуданд, аз 1,5 то 2 сол ҳабс шуданд. Вакили дифоъи Фарзона гуфтааст, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳад бурд. Модари Фарзона овозхони шинохта Сурайё Қоисмова бар ин назар аст, ки Фарзона дар ин қазия бегуноҳ аст. Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки дар ҳодисаи ду ҳафта пеш Фарзонаи Хуршед номзадаш Фаррух Рӯзиевро, ки ба қаллобӣ айбдор мешавад, аз толори додгоҳ берун оварда ҳар ду талош карданд бо мошини Фарзона дар ноҳияи Варзоб пинҳон шаванд. Дар посгоҳи Чорбоғи Варзоб онҳо дастгир шуда баъдан дар баробари додгоҳ ҳозир шуданд. Дар мурофиаи имрӯзаи додгоҳӣ ҳамкасбони овозхон – ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон ҳам ширкат доштанд. Фарзонаи Хуршед хоҳари овозхони дигари пуртарафдор Шабнами Сураё аст.
XS
SM
MD
LG