Пайвандҳои дастрасӣ

Кӣ хобгоҳи «Сирандуд»-ро соҳибӣ хоҳад кард?


Раиси корхонаи «Сирандуд»-и Хуҷанд баъд аз нашри мақолаи «Озодӣ» ба коргаронаш гуфтааст, онҳоро аз хобгоҳ берун ронданӣ нест, балки барои хусусӣ кардани манзилҳояшон дар хобгоҳ кӯмак хоҳад кард.

Марҳамат Саидова, як коргари собиқадори корхонаи «Сирандуд» аст, ки аз соли 1990 дар корхонам мазкур кор мекунад ва ҳамроҳи ду фарзандаш дар хобгоҳи он ба сар мебарад. Манзили дуҳуҷраии хобгоҳ, дар канори Хуҷанд дар тӯли ин муддат барояш як хонаи худӣ шудааст. Вай дар суҳбати қаблии худ бо Радиои Озодӣ, ду ҳафта пеш аз он ки раиси корхона хобгоҳро моли хусусии худ номида, ба сокинон хариди манзил ва ё холӣ кардани онро пешниҳод кардааст, изҳори нигаронӣ мекард. Ин навбат хонум Марҳамат гуфт, раиси корхона тасмимашро дигар ва коргаронро ба ҳалли мушкилашон умедвор кард: «Раис гуфтанд, ки агар додгоҳ хобгоҳи корхонаро ба ихтиёри ман гузаронад, ҳуҷраҳоро бепул хусусӣ карда, ба коргарон медиҳам. Фақат маблағи хидмати идораҳои НБТИ (идораи қайди техникии манзил) ва нотариусро диҳед, бас.. Радиои Озодӣ омад, суҳбат кард, ҳама ҷо обрӯма резондетон, дигар ҳеҷ ҷо надаветон, худам ҳал карда медиҳам, гуфтанд.»

Корхонаи зарфҳои сирдори «Сирандуд» соли 2005 моли хусусии раиси он Дадоҷон Пӯлодов гашта, яку ним сол сол пеш бинои хобгоҳи он низ бо қарори комиссияи хусусигардонии амвол моли корхона дониста шудааст. Дар пайи он, ба гуфтаи гурӯҳе аз коргарон, раиси корхона ба онҳо таҳдид кардааст, ё пули манзил дар хобгоҳро бипардозанд ё ки онро холӣ кунанд. Коргарон бим доранд аз сарпаноҳи худ маҳрум хоҳанд гашт.

Ҳамакнун дар пайи шикояти сокинон ҳукумати Хуҷанд бо ҳимоят аз коргарон аз додгоҳи иқтисодии Суғд тақозо кардааст, то қарори комиссияи мазкурро бозбинӣ ва соҳиби аслии корхонаро маълум намояд. Бахтиёр Наимов, додраси додгоҳи мазкур, рӯзи 23 – юми феврал дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ахиран ба бозбинии ин баҳс шурӯъ кард, аммо бо тақозои ҷониби корхона таваққуф эълон намуд. Ба гуфтаи вай, додгоҳ муайян хоҳад кард, ки оё қарор ва шаҳодатномаи комиссияи қонунигардонии амволи Тоҷикистон дар мавриди моли корхонаи «Сирандуд», мантиқан–моли соҳиби кунунии он донистани хобгоҳ то чи андоза қонунӣ ва дуруст мебошад.

Ҳукумати Хуҷанд даъво дорад, ки дар рӯйхати амволи хусусигардонидаи корхонаи «Сирандуд» хобгоҳи он ворид нест. Наҷмидин Атаев, муовини раиси ҳукумати Хуҷанд, ба Озодӣ гуфт, бо назардошти ин ҳеҷ кас ҳаққи аз хобгоҳ рондани коргарон ё ба онҳо фурӯхтани манзилҳояшонро надорад.

Аммо ҷонибҳо сари як нуқта ба ҳам мувофиқанд, ки дар сурати соҳибӣ ба хобгоҳ коргарони соҳибони манзилҳои онро аз сарпаноҳашон берун нахоҳанд кард. Дар бинои панҷтабақаи корхонаи «Сирандуд» 40 оилаи коргар дар хонаҳои 2 ҳуҷраӣ зиндагӣ мекунанд. Гурӯҳе аз онҳо гуфтанд, ки дар солҳои охир маблағҳои рӯзгузаронӣ ва ҳармоҳа иҷораи хобгоҳро аз корҳои дигар ба даст меоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG