Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саймиддин Дӯстов рақибонашро ба дебат даъват мекунад


Саймиддин Дӯстов, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони аз ҳавзаи Файзобод №11, рақибонаш дар ин ҳавза Акоша Кабиров ва Меъроҷиддин Ҳакимовро ба мубоҳисаи (дебати)озоди телевизионӣ даъват кард.

Cаймуддин Дустов бо пахши як изҳорот, ҷиҳати истифода аз ҳуқуқи қонунгузории кишвар, ки 15 дақиқа вақти телевизионӣ барои пешниҳоди барномаҳои пешазинтихоботӣ пешбинӣ кардааст, аз се номзад даъват кардааст, 45 дақиқа вақти маҷмӯъии худро барои баргузории дебатҳои телевизионӣ истифода намоянд.

Дар сӯҳбат ба Озодӣ Дӯстов гуфт, ки «Ин дар ҳолест, ки хеле аз номзадҳои дигар аз вақти ройгони ҷудошуда дар телевизион истифода намекунанд ва ин амали мо метавонад дар рушди демократия ва интихоботҳои шаффоф ва демократӣ дар Тоҷикистон як навоварие бошад». Саймиддин Дӯстов мехоҳад бо ин амал дар интихоботҳои оянда дебатҳои кушодаи телевизиониро, ки дар демократияи кишварҳои ғарб маъмулианд, дар Тоҷикистон низ амалӣ созад.

Ӯ ҷавоби расмии номзадҳо, рақибони асосиаш - Меъроҷиддин Ҳакимов ва Акоша Кабировро интизор аст.

XS
SM
MD
LG