Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзонаи Хуршед ду сол ҳукм гирифт


Додгоҳ Фарзонаи Хуршедро дар ёрӣ ба фирори Фаррух Рӯзиев аз боздошти муваққат муҷрим шинохт ва ӯро ба ду соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Сино ҳамчунин Фаррух Рӯзиевро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ду корманди пулис, ки дар саҳлангорӣ ба ҳангоми фирори Фаррух муттаҳам мешуданд, яке ба 1,5 сол ва дигаре ба 2 соли ҳабс маҳкум шуданд.

Вакили дифоъи Фарзона гуфтааст, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳад бурд. Вакили дифои ӯ Лутфия Сафаралиева ва модараш Сурайё Қоисмова бар ин назаранд, ки Фарзона дар ин қазия бегуноҳ аст. Хонум Сафаралиева мегӯяд, ширкати Фарзона дар ин воқеа тасодуфӣ ва ноогоҳона будааст.

Мурофиаи додгоҳии Фарзонаи Хуршед
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00


Ба гуфтаи ӯ, шахси зерҳимояаш ҳангоми содир шудани ҷиноят он ҷо ҳузур доштаст, аммо аз мақсади Фаррух Рӯзиев, ки мехостааст фирор кунад, огоҳ набудааст. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Фарзона 2,5 соли маҳбасро талаб мекард. Ба бовари тафтишот, ду ҳафта пеш Фарзона номзадаш Фаррух Рӯзиевро, ки ба қаллобӣ айбдор мешавад, аз толори додгоҳ берун овардааст ва ҳар ду ба сӯи Варзоб роҳ пеш гирифтаанд. Дар посгоҳи Чорбоғи Варзоб онҳо дастгир шудаанд. Фарзона дар ин қазия баъд аз як боздошти кӯтоҳ раҳо шуд, вале баъдтар додгоҳ ӯро барои муҳокима даъват кардааст.

Худи Фарзона низ ҳама иттиҳомт алайҳи худро дар мурофаи додгоҳӣ рад карда буд. Фарзона дар сухани охирини худ гуфт, "ман аз додгоҳ мехоҳам, ки дар баробари ман на ҳамчун Фарзонаи Хуршед - сарояндаи шинохта, балки ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ҳукм барорад".

Додгоҳи пур аз ситора

Дар рӯзи охирини баррасии қазияи Фарзонаи Хуршед атрофи бинои додгоҳи ноҳияи Сино ва ҳатто берун аз он пур аз одам буд. Дар миёни ҷамомадагон мухлисон, пайвандон ва ситораҳои саршиноси мусиқии тоҷик Садриддини Наҷмиддин, Зикриолоҳ, Остони Азиз,Ҷонибеки Мурод ва дигар оҳангсозон ширкат доштанд. Ҳампешаҳои Фарзона, аз гуфтани андешаҳояшон дар мавриди ин қазия худдорӣ карданд. Наздикони Фарзона, ки чунин анҷоми мурофиаро интизор набуданд, пас аз эълони ҳукм доду фиғон бардоштанд.

“Додгоҳи бесобиқа”

Ба зиндон маҳкум шудани овозхони маъруф ва аз хонаводи шинохта то кунун дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳамин эҳсоси ғурур ва эътимод ба нуфузу мақоми пайвандон, модараш Сураё Қосимова ва хоҳари бузургаш, овозхони маъруф Шабнами Сураё дар ҷомеа боиси аз эҳтиёт кор нагирифтани Фарзона шуд. Ба фарқ аз ҳунармадони Аврупову Ғарб, ки ба хотири дур нашудани исмашон аз расонаҳо пайваст худро қаҳрамони ҳамингуна ҳаводиси пурсарусадо мекунанд, овозхонони тоҷик, баръакс аз чунин қазияҳо дурӣ меҷустанд. Ин одат барои ҳунармандони тоҷик аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст. Ва риояи накардани ин талабот метавонист фаъолияти минбаъдаи ин ва ё он хонандаи шинохтаро зери суол барад.

Фарзонаи Хуршед 21 сол дорад. Ӯ аз овозхононе буд, ки ҳам шӯҳрат дошт ва ҳам ҷойгоҳи собит дар саҳнаи ҳунар. Ва оё ин қазия ба фаъолияти минбаъдаи Фарзона чӣ таъсире хоҳад гузошт, саволест ҳамчунон матраҳ.


XS
SM
MD
LG