Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Якшанбе. Ҳаво, пулис ва интихобот


То замони баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Нерӯҳои сиёсии кишвар дар ҳассостарин лаҳзаҳои марҳалаи интихоботӣ қарор доранд ва талоши аҳзоб барои ҷалби ҳарчӣ бештари таваҷҷӯҳи интихобкунанда ба болотарин ҳад расидааст.

Аммо дар ин миён мизони иштироки мардум дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ чӣ гуна хоҳад буд ва оё чанд дарсади овоздиҳанда омодааст, ки пойи сандуқҳои райъ биравад ва оё барои таъмини амнияти мардум дар ин рӯз кадом тадобири изофӣ андешида шудааст ва вазъи ҳаво дар ин рӯз чӣ гуна хоҳад буд?

Ҳама ба интихобот! Ҳама ба раъйпурсӣ!?

Интизороти марокизи таҳлилӣ ва ҷомеашиносони тоҷик дар мавриди мизони ширкати аҳолӣ дар интихоботи парлумонии кишвар аз ҳам тафовути зиёд надорад. Ин таҳлилгарон мегӯянд, мардум ҳарчанд бар таъсири натиҷаи интихобот дар зиндагии ҳамарӯзаи худ итминон надоранд, аммо аз рӯи одати ба меросмонда аз замони Шӯравӣ дар интихобот фаъолона ширкат меварзанд.

Ғаюр Қаҳҳоров, мудири созмони таҳлилии «Сотсиолог» мегӯяд, ширкат дар маъракаҳои интихобот дар ҷомеаҳои суннатие чун Тоҷикистон ифодаи мавқеи шаҳрвандӣ ва сиёсии як нафар набуда, балки бештар расму одате шудааст, ки онро бояд иҷро кард. Ҳатто агар интихобкунанда пойи сандуқҳои райъ огоҳона биравад ҳам, дар бештарин маврид ин огаҳӣ марбут ба шахсиятҳои сиёсӣ аст, на барнома ва мароми амали ин ва ё он ҳизби сиёсӣ. Бо вуҷуди ин ҳама, мегӯяд ҷомеашиноси тоҷик, мизони ҳузури мардум дар интихоботи парлумонии кишвар, ки рӯзи якшанбеи ин ҳафта доир хоҳад шуд, хеле боло хоҳад буд.

Зимнан, ҳеҷ яке аз марокизи таҳлилӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин робита пажӯҳиши вижаеро анҷом надодааст. Аз ин рӯ, коршиносон ва таҳлилгарон бо такя ба таҷриба ва собиқаи баргузории чунин маъракаҳои сиёсӣ изҳори назар мекунанд. Бархе аз ин таҳлилгарон мегӯянд, дар раванди овоздиҳӣ ҳодисаҳои зиёде мушоҳида шудааст, ки як нафар ба ҷойи чандин нафар овоз медиҳад. Ҳамин аст, ки мизони дақиқи иштироки мардум дар интихобот ҳамеша мавриди шубҳа қарор гирифта ва табъан маълумот дар ин бора доимо тахминӣ будааст.

Аммо КМИР, ниҳоди масъул барои баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон, ҳамеша мизони ширкати мардум дар интихоботҳоро наздик ва ё болотар аз навад дарсад арзёбӣ кардааст. Барои мисол, дар интихоботи парлумонии пешина дар соли 2005 мизони ширкати мардум 92 дарсад ва дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии кишвар 90 дарсадро ташкил додааст.

Тадбирҳои иловагии амниятӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои таъмини амнияти шаҳрвандон дар рӯзи интихобот тадобири изофиро рӯи даст гирифтааст.

Маҳмадалӣ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, гуфт, ҳам ҳавза ва ҳам қитъаҳои овоздиҳӣ аз сӯи ходимони интизомӣ зери назорат гирифта мешавад ва дар рӯзи интихобот кормандони мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон бо шароити хос дар хидмат хоҳанд буд.

Дар берун барф аст ё офтоб?

Аммо як масъалае, ки шояд ба мизони ширкати мардум дар интихобот таъсири манфӣ бигзорад, номусоидии ҳаво дар ин рӯз хоҳад буд.

Масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, 28-уми феврал, рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон, ҳаво боронӣ, вале сард нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG