Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек дар куҷо раъй додан мумкин аст?


Tajikistan - election poster, Dushanbe, 20Feb2010
Tajikistan - election poster, Dushanbe, 20Feb2010

Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек барои баргузории интихоботи парлумонӣ омодагӣ мегирад.

Гулноз Мирзоева, консули Тоҷикистон дар Бишкек, ба радиои Озодӣ гуфт, бо қарори КМИР-и Тоҷикистон дар Қирғизистон фақат як қитъаи овоздиҳӣ таъсис дода шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин қитъаи раъйдиҳӣ дар бинои сафорат воқеъ гаштааст ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон ба кору таҳсил машғуланд, метавонанд рӯзи якшанбе ба ин қитъаи овоздиҳӣ ҳозир шаванд ва ба тарафдории яке аз номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ овоз диҳанд.

Гулноз Мирзоева мегӯяд, барои ширкат дар маъракаи раъйдиҳӣ 600 шаҳрванди Тоҷикистон сабти ном шудаанд. Вай афзуд, аксарияти сабтиномшудагон донишҷӯ ҳастанд. Гулноз Мирзоева дар идомаи сӯҳбат бо мо ҳамчунин тазаккур дод, ки дар ду ҳафтаи охир кормандони сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дар коллеҷи ҳавонавардии Қирғизистон, донишгоҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ, донишгоҳи қирғизиву туркӣ, донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ ва донишгоҳи гуманитарии Қирғизистон, ки шумори зиёди донишҷӯёни тоҷикро фаро хондааст, мулоқотҳо доир карданд ва замони баргузории раъйдиҳӣ ва тарзи овоздиҳиро барои ин донишҷӯён ташреҳ намуданд.

Дар қитъаи интихоботии сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дар радифи рӯйхати умумии овоздиҳандагон рӯйхати онҳое низ овезон аст, ки бори аввал дар маъракаи интихоботӣ ширкат мекунанд. Тибқи ин рӯйхат шумори ин донишҷӯён ба 28 нафар расид, ки бори нахуст дар чунин маъракаи сиёсии кишварашон ширкат хоҳанд кард.

Гулноз Мирзоева, консули Тоҷикистон, гуфт, ҳамаи кормандони сафорат имрӯзҳо хеле серкору сертараддуданд, то ки ҳар як шаҳрванди тоҷик, ки дар Қирғизистон буду бош дорад, огаҳ карда шавад, ки рӯзи интихоботи парлумонӣ дар куҷо ва чӣ гуна раъйи худро бидиҳад. Ҳамсӯҳбти мо боз таъкид кард, ки рӯзи раъйдиҳӣ шаҳрвандони кишвараш аз суруду таронаҳои овозхони шинохта, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Амриддини Кабир баҳра хоҳанд бурд.

Аммо консули сафорати Тоҷикистон дар Бишкек нагуфт, ки донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои минтақаи ҷануби Қирғизистон таҳсил мекунанд, дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат мекунанд ё на.
XS
SM
MD
LG