Пайвандҳои дастрасӣ

Расонаҳои хабарии эронӣ гузориш медиҳанд, ки нирӯҳои амниятии ин кишвар раҳбари як гурӯҳи суннимазҳаби мусаллаҳро боздошт карданд, ки дар ташкили шӯришҳое дар ҷанубу шарқи Эрон муттаҳам мешавад.

Тибқи гузоришҳо, нирӯҳои амниятии Эрон Абдумалик Ригӣ, раҳбари гурӯҳи шӯришии Ҷундуллоҳро боздошт карданд, ки мақомоти шиамазҳаби Ҷумҳурии Исломиро барои табъйизи сунниҳои кишвар муттаҳам медонад.

Матбуоти сунниҳо мегӯяд, ки Ригӣ дар хориҷа боздошт шуда, баъдан ба Эрон оварда шудааст. Бовар меравад, ки ӯ дар Покистон ба даст афтодааст.

Ҷундуллоҳ масъули чандин таркиши бомбгузоришуда дар минтақаи ҷанубу шарқи Эрон аст, ки дар солҳои охир анҷом шуда даҳҳо кушта бар ҷой гузоштааст. Тибқи тахминҳои Теҳрон, Ҷундуллоҳ ба гурӯҳи террористии aл-Қоида иртибот мегирад.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG