Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Ҳилманд ҷони 7 нафарро гирифт


Полиси Афғонистон мегӯяд, ки дар паи таркиши бомбае дар вилояти ҷанубии Ҳилманд имрӯз ҳафт нафар кушта ва беш аз даҳ нафар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар як истгоҳи мошинҳои Лашкаргоҳ ба вуқӯъ пайваст. Муҳаммад Ашраф, як афсари полиси маҳаллӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигори Ройтерс дар Лашкаргоҳ роҷеъ ба ин ҳодиса чунин гуфт:

“Ҳангоми вуқӯи таркиш мо ҳама аз дохили сохтмони корӣ берун шудем. Маводи мунфаҷира ба як дучарха насб шуда буд. Худи дучарха пора-пора шуд. Ҳама онҳое, ки кушта ва ё захмӣ шуданд, мулкӣ буданд”.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамла кадом афродро ҳадаф қарор медод. Имрӯз рӯзи ёздаҳуми идомаи амалиёти густардаи зидди ҷангиёни Толибон дар Ҳилманд аст, ки аз ҷониби ҳазорҳо нирӯҳои амрикоӣ, НАТО ва артиши Афғонистон пиёда мешавад.
XS
SM
MD
LG