Пайвандҳои дастрасӣ

Рақобат дар озмун сахттар мешавад, аммо...


Ҳар рӯз даҳҳо тан аз орзумандони пирӯзӣ дар озмуни "Ончӣ мебинам" аксҳои наверо аз тариқи сафҳаи махсуси "Хабарнигори мардумӣ" ба мо мерифистанд.

Дар байни чанде аз онҳо як мусобиқаи сахт ҷараён дорад, аммо то ҷое ки ба назар мерасад, дар рафти ин сабқат сифат ва мӯҳтавои аксҳо метавонад, коҳиш ёбад. Ҳамчунин то рафт бештар ҳолатҳое пеш меоянд, ки ширкаткунандагони озмун аксҳое аз сафҳаҳои гуногуни интернетиро нусха бардошта, ба мо мефиристанд, ки қобили қабул нест ва пайомадҳои ҳуқуқӣ дошта метавонад.

Биноан, аз ҳамаи ширкаткунандагон ва онҳое, ки мехоҳанд, акнун вориди мусобиқа шаванд, зеро то 21-уми март ҳанӯз вақт зиёд аст, лутфан танҳо аксҳои бардоштаи худро ба ин озмун бифиристанд.

Як нуктаи дигар ҳам ногуфта намонад, ки бояд аксҳо мавзӯъи муайян ва мӯҳтавои қобили таваҷҷӯҳ дошта, лаҳзаҳои нотакрор, хотирнишин ва арзандаро таҷассум намоянд. Ёдрас мешавем, ки ҳайати байнулмилалии доварон хеле сахтгир буда, аз рӯи меъёрҳои баланд ба аксҳо баҳо хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG