Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ҳуқуқшиносони ҷавонон мавсум ба «Ампаро» зимни як нишаст дар Хуҷанд аз масоили риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мавсими даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ натиҷагирӣ кард.

Дар кори ин пажӯҳиш, ки тӯли як сол идома ёфтааст, Хуҷанд, Конибодому Истаравшан, Ғончӣ, Ашт, Исфара ва Шаҳристон фаро гирифта шуда, беш аз ҳазор ҷавони синни даъватӣ ва волидони онҳо ба пурсиш кашида шудаанд. “Ампаро” дар пажӯҳишаш мегӯяд, бо вуҷуди талошҳои ба таври ихтиёрӣ ҷалб намудани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, ҳамоно даъвати баҳорӣ ва ҳам тирамоҳӣ нишон додааст, ки дар ин самт ҳуқуқвайронкунӣ мушоҳида мешавад ва масъулини комиссариятҳои ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии вилоят барои даъвати ҷавонон аз тарзу усулҳои ғайриқонунӣ, мисли облава истифода кардаанд.

Оё ба “облава” дучор шудаед?
Рустам Гулов, аз муаллифони ин пажӯҳиш дар ташкилоти “Ампаро”, мегӯяд, беш аз 30 дарсади даъватшавандаҳо изҳор доштаанд, ки бо роҳи иҷборӣ ё “облава”ба хизмат фиристода шудаанд. Оқои Гулов мегӯяд, ба ин далел солҳои охир шуморе аз ҷавонон дар мавсими даъват ба худ паногоҳ меҷӯянд. Вай мегӯяд, пажӯҳиш маълум кардааст, ки кӯчаву бозор бештар ба макони баргузории ҳодисаҳои боздошт ва ба хизмат бурдани ҷавонон табдил шудааст.

Муоинаи тиббӣ - мушкили дигар
Муоинаи тиббӣ яке дигар аз дигар мушкилоти даъватшавандаҳо аст, оварда шудааст дар пажӯҳиши “Ампаро”, ки гуфта мешавад, ба таври шаффоф сурат намегирад. Дилафрӯз Самадова, як масъули созмони ҳуқуқшиносони ҷавонон, ва яке дигар аз муаллифони пажӯҳиш, мегӯяд: “Мувофиқи қонунгузорӣ ҳангоми муоинаи тиббии даъватшавандаҳо бояд ҳафт пизишки соҳаҳои гуногун иштирок намоянд, аммо замони пурсиш ба суоли “Шумо аз муоинаи тиббии чанд духтур гузаштаед?” аз шумори умумии даъватшавандаҳо, беш аз 4 дарсад посух додаанд, ки бидуни комиссияи тиббӣ сафарбар шудаанд, 10 фоизи даъватшавандаҳо зикр кардаанд, ки аз иштироки гурӯҳи ҳафт нафараи духтурон хабар надоранд ва 60 дарсад пурсидашудагон гуфтаанд, ки дар муоинаи онҳо ҳафт духтур иштирок кардаанд”.

Муаллифони пажӯҳиш ҳамчунин аз маконҳои ҷамъоварии даъватшавандаҳо изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, то маросими гусели даъватшавандаҳо ба қисмҳои низомии кишвар, онҳо маъмулан тӯли 6-8 рӯз дар ҷойҳои тангу номусоид нигаҳдорӣ мешудаанд, ки дидорбинӣ бо волидонашон мушкил будааст.

Қонуни “хидмати алтернативӣ”?
Шуморе аз ҷавонон мегӯянд, набуди шароит дар қисмҳои низоми кишвар ва аз ҷониби дигар мавҷуд будани ба истилоҳ дедовшина ва ё меҳтарсолорӣ бисёриҳоро аз хидмат дар артиш гурезон кардааст.

Аҳмад ном ҷавон мегӯяд, бародараш ба хидмат рафта аз он хотираи неке набардоштааст ва ин лиҳоз худи ӯ ҳам чандон майли хидмат карданро надорад.

Абдусалом Абдухолиқов, як масъули комиссариати ҳарбии Суғд: “Солҳои пеш дар ҳақиқат масъалаи дедовшина ба мушоҳида мерасид, ҳоло дар ин самт назорат аз ҷониби командирон пурзӯр шудааст ва ҷанҷоли сарбозон ҳам торафт кам шуда истодааст”.

Дар ҳамин ҳол, бо қабул шудани қонун дар бораи “ӯҳдадории умумиҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” дар соли 2000-ум, то кунун лоиҳаи хидмати алтернативӣ дар кишвар ба назар намерасад.

Пажӯҳиши мазкур бо пуштиболии молии «NED” - Бунёди миллии дастгирии демократия сурат гирифта, мақсадаш инъикоси камбуду проблемаҳои мавҷуда дар масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбии давлатӣ будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG