Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии «Вахш» дар Туркманистон


Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар бозии дуввумаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон аз мунтахаби бошгоҳҳои Туркия бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд.

Бозии қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо футболбозони Туркия 22-юми феврал дар варзишгоҳи «Олимпӣ»-и шаҳри Ишқобод баргузор шуд.

Ин бозӣ бо бартарии бозигарони турк сурат гирифт. Ҳисобро Кохе Басатин дар дақиқаи 8-ум боз кард. Голи дуввуми туркҳоро Чагрӣ Ёркин дар дақиқаи 36-ум ба самар расонд. Футболбозони тоҷик ду бор имконияти хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд. Ҳамлагари «Вахш» Аҳтам Ҳамроқулов бо дарвозабон як ба як баромад ва Эмирхон Эргюн дарвозаи дастаашро аз гол эмин дошт. Баъдан айнан дар чунин вазъият Меҳроб Заҳурбеков тӯбро хато зад.

Ёдовар мешавем, ки «Вахш» дар даври аввал низ аз тими «Олтин асир»-и Ишқобод, барандаи Ҷоми Туркманистон, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд. Мунтахаби бошгоҳҳои Туркия бошад, бозиро бо дастаи «Ганҷасар»-и Арманистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буд.

Дастаи «Олтин асир», ки дар даври дуввум тими «Ганҷасар»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, новобаста аз бозии охирини сабқати гурӯҳӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. «Олтин асир» бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» қарор дорад. Мунтахаби бошгоҳҳои Туркия бо 4 имтиёз дар ҷои дуввум аст. «Ганҷасар» бо 1 имтиёз дар ҷои севум мебошад. Дастаи «Вахш» бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Дар даври севум рӯзи 24-уми феврал «Вахш» бо «Ганҷасар» ва «Олтин асир» бо мунтахаби бошгоҳҳои Туркия қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар 16-умин давраи ин мусобиқаи байнулмилалӣ ҳашт даста аз 7 кишвар ширкат доранд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.

Бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «В» бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфтанд: «Оқҷепес»-и Қазоқистон - «Экранас»-и Литва – 1:1, «Абдиш – Ота»-и Қирғизистон - «Небитчӣ»-и Балканобод – 0:1.

Дар даври дуввум 23-юми феврал «Экранас» бо «Абдиш- Ота» ва «Небитчӣ» бо «Оқҷепес» бозӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ «Небитчӣ» бо 3 имтиёз дар ҷои аввал аст. «Оқҷепес» ва «Экранас» якимтиёзӣ доранд. Вале «Абдиш- Ота» бидуни имтиёз дар ҷои охирин мебошад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони он ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳои мағлубшудаи даври ниманиҳоӣ барои ҷои севум мубориза мебаранд.

Маблағи ҷавоизи ин мусобиқот 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бар асоси низомномаи мусобиқот ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG