Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зазӣ ба гуноҳи худ иқрор шуд


Як муҳоҷири афғон, ки дар таҳияи ташкили ҳамлаи террористӣ дар Ню-Йорк дар моҳи сентябри соли гузашта гумонбар мешавад, ахиран ба гуноҳаш иқрор кард. Зимни суханронӣ дар додгоҳи ИМА, Наҷибуллоҳ Зазӣ гуфт, ӯ ба гурӯҳи ифротгароҳое, ки ҳамла ба метрои Ню-Йоркро тарҳрезӣ карда буданд, кумаки молӣ карда буд. Зазӣ афзуд, ки ӯ дар як тамрингоҳи шабакаи “Ал-Қоида” дар минтақаи кӯҳии Вазиристони Покистон, воқеъ дар марз бо Афғонистон, машқи низомӣ кардааст.
Ба иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, Наҷибуллоҳ Зазӣ ширкати худ дар таҳияи ҳамлаи террористиро бо талоши ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба нақзи ҳуқуқи афғонҳо аз сӯи сарбозони амрикоӣ рабт додааст.
XS
SM
MD
LG