Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон хостори таҳкими ҳамкориҳои НАТО ва Русия шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, гуфт, ки НАТО ва Русия бояд ҳамкориҳо дар бахши таъмини амниятро таҳким бубахшанд. Зимни суханронӣ дар Вошингтон, хонум Клинтон изҳор намуд, ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо, аз ҷумла, бо Русия ба Паймони Атлантикаи шимол имкон медиҳад, ки ба таҳдидҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, терроризм ва роҳзании дарёӣ посухи сазовор диҳад.
Вазири умури хориҷаи Амрико таъкид кард, ки тарҳи бознигаришудаи бунёди сипари мушакии ИМА дар Руминия, Булғористон ва дигар кишварҳои аврупоӣ алайҳи Русия равона нашудааст.
XS
SM
MD
LG