Пайвандҳои дастрасӣ

Аз таъсиси Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 17 сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат рӯзи гузашта дар «Боғи Ғалаба» -и шаҳри Душанбе бо ширкати ҷузъу томҳои вазорати дифоъ гузашти ҳарбӣ ё паради низомӣ сурат гирифт.

Аммо он гуна, ки Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ гуфт, барномаҳои муҳими идона ба муносибати рӯзи таъсиси Артиши Миллӣ имрӯз дар ин вазорат ва воҳидҳои низомӣ ва дар сартосари кишвар баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Ф. Маҳмадалиев, Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ҳеҷ меросе аз Шуравии собиқ нагирифтаааст, фаъолияти хешро дар соли 1993 дар авҷи ҷанги дохилӣ ва аз сифр шурӯъ карда ва муддати 17 соли ахир ба як артиши қавӣ ва дорои маҳорати ҷангӣ мубаддал шудааст. Ин аст, ки ба гуфтаи вай, маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Артиши миллии Тоҷикистон аз сӯи коршиносони байнулмилалӣ баҳои арзанда гирифтааст. Зеро, ба таъкиди сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, неруҳои мусаллаҳи кишвар аз соли 1997 шурӯъ карда, пайваста дар тамриноти минтақаӣ ва байналмилалӣ ширкат карда ва саҳми муносибе дар мубориза алйҳи тероризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ доранд.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон аксари соҳибназарони арса мегӯянд, беҳбуди шароити маишии хидмат дар Артиш бояд аз вазоифи аввалиндараҷаи неруҳои мусаллаҳи кишвар бошад. Ин дар ҳолест, ки Фариддун Маҳмадалиев мегӯяд, артиши Тоҷикистон марҳала ба марҳала дар роҳи ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳ қарор дорад ва барои аз байн бурдани норасоиҳо иқдомоте андешида мешавад. Вай мӯътақид аст, ки шароити маишӣ дар Артиш сол аз сол беҳтар шуда ва дар муқоиса ба солҳои нахусти таъсиси неруҳои мусаллаҳ, ки нарасидани лавозимоту либоса ва маводи ғизоӣ ба мушоҳида мерасид, ҳоло бар иловаи кумак аз буҷа, ҳар як воҳиди низомӣ захираи маводи хӯрокаро дорост. Афзун бар ин, вай мегӯяд, дар кишвар корхонаи дӯхти либоси низомӣ фаъол аст, ки на танҳо низомиёни вазорати дифоъ, балки куллия ҳайати шахсӣ ва фармондеҳии сохторҳои қудратӣ имкони баҳрабардорӣ аз тавлидоти ин корхонаро хоҳанд дошт.

Бо ин ҳам Сафари Абдулаҳад, коршиноси тоҷик, мегӯяд, мушоҳидаҳо ҳокист, ки падидаҳои номатлубе, назири «облава» ё ба таври маҷбурӣ ҷалб кардани ҷавонон ва ба хусус аз кӯча доштану ба хизмат бурдани онҳо ва аз сӯи дигар мавориди «дедовшина» ё меҳтарсолорӣ дар сафи Артиши Тоҷикистон ҳамчунон боқист ва монеъе барои ихтиёран рафтани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мешавад. Вай мегӯяд, ин вазъ ба он овардааст, ки бештари ҷавонон роҳи гурез аз хизмат дар Артишро дар ворид шудани ба Донишгоҳҳо мебинанд.

Фариддун Маҳмадалиев, як масъули вазорати дифоъи Тоҷикистон, вуҷуди чунин мушкилотро дар баъзе аз ҳолатҳо таъид мекунад, вале мегӯяд, камбудиҳои мавҷуда сол аз сол роҳи ҳалли хешро пайдо мекунанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вай чунин мушкилот на танҳо дар Артиши Тоҷикистон, балки дар неруҳои мусаллаҳи кишварҳои дигар, ҳатто пешқадами ҷаҳон низ ба мушоҳида мерасад.

Аз сӯи дигар, гузоришҳои расмӣ ҳокист, ки мизони ҷурму ҷиноят дар сафи Артиши Тоҷикистон коҳиши қобили мулоҳизае надоштааст. Зеро тибқи гузориши додгоҳҳои низомӣ ва Коллегияи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар соли 2009 нисбати 760 нафар аз афсарон ва низомиён ҳукм бароварда шудааст, ки аз ин миқдор ҳудуди 130 нафарро афсарон ва прапоршикони воҳидҳои низомӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд. Бад ин тартиб, аз ҷумлаи маҳкумшудагон 200 нафар ба вазорати дифоъ, 328 ба Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 51 ба Гвардияи Миллӣ ва 45 тани дигар ба бақия сохторҳои низомӣ тааллуқ дорад. Вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ, берун шудан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, сӯи истифода аз мансаби давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир, роҳзанӣ, ришвахорӣ ва ғайра аз ҷиноёте аст, ки дар сафи Артиши Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG