Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз ҳукми додгоҳии Фарзона эълон мешавад


Имрӯз додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳукми парвандаи овозхони шинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуршедро эълон хоҳад кард. Дар мурофиаи дирӯза Фарзона хостори он шуд, ки додгоҳ дар баробари ӯ ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ҳукм содир кунад. Овозхони шинохта дар он айбдор мешавад, ки номзадаш Фаррух Рӯзиевро аз толори додгоҳ берун овардааст ва хостааст, ки ӯро аз муҷозот раҳо кунад. Ва аммо онҳо дар посгоҳи Чаҳорбоғи дараи Варзоб дастгир шудаанд. Фарзона иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад кардааст.
Додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ин парвандаро баррасӣ мекунад, хостори барои дуву ним сол маҳкум ба зиндон кардани Фарзонаи Хуршед шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG