Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корпартоии сарнишинҳои "Lufthansa" мутаваққиф шуд


Корпартоиии сарнишинҳои ширкати ҳавопаймоии Олмон “Lufthansa” то рӯзи 8 март мутаваққиф шуд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, иттиҳодияи касабаи сарнишинҳои ҳавопаймо ва раҳбарони ширкат дар бораи эҳёи музокирот ба хотири ҳалли моҷарои корӣ ба мувофиқа расиданд.
Дирӯз “Lufthansa” баъд аз шурӯъи корпартоии тақрибан 4 ҳазор сарнишинҳо маҷбур шуд садҳо парвозашро лағв кунад.
Гуфта мешавад, ки талошҳои “Lufthansa” барои ба кор ҷалб кардани сарнишинҳои хориҷӣ бо маоши камтар сабаби корпартоии кормандон шудааст.
XS
SM
MD
LG