Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳӣ: Эрон даҳ муассисаи нави ҳастаӣ бунёд мекунад


Ду маркази нави ғанисозии ураниум дар Эрон дар манотиқи кӯҳӣ бунёд хоҳад шуд. Раиси ниҳоди нерӯи ҳастаии Эрон Алиакбар Солеҳӣ ин тасмимро бо талошҳои дифоъи ин муассисаҳо аз ҳамлаи эҳтимолӣ рабт дод. Ӯ хабар дод, ки бунёди ду маркази нав баъд аз иди Наврӯз, яъне баъд аз 21 март, шурӯъ хоҳад шуд. Солеҳӣ афзуд, мақомоти Эрон тасмим гирифтаанд, ки даҳ муассисаи нави тавлиди сӯхти ҳастаӣ бунёд кунад ва макони сохтмони 5 муассиса аллакай муқарар шудааст.
Филип Кроулӣ, намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи ИМА, тасмими ахири ҳукумати Эронро “баёнгари аз ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ сарпечӣ кардани Теҳрон” номид.
XS
SM
MD
LG