Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен ба Карзай изҳори тасаллият кард


Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен, дар робита ба ҳалокати мардуми осоишта бар асари зарбаи ҳавопаймоии низомии нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар марзи вилоёти Дойкундӣ ва Урузгон, ба раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай изҳори тасаллият кард. Аз ин пеш фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ МакКристалл дар мулоқот бо Карзай аз ин иштибоҳи низомиён изҳори таассуф карда буд.
Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар ин ҳодиса, ки рӯзи якшанбе рӯх додааст, 27 ғайринизомӣ кушта шуда, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилоъи Кобул, нерӯҳои НАТО се микроавтобуси мусофирбарро корвони мошинҳои толибон пиндошта, онҳоро мушакборон карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо. ҳамлаи рӯзи якшанбе ба амалиёти густарда алайҳи мусаллаҳони толиб дар Ҳилманд рабте надорад.
Тибқи як хабари дигар аз Афғонистон, дирӯз бар асари таркиши бомб дар як гирдиҳамоии раҳбарони қабоил ва паноҳандагон дар вилояти Нангарҳор 14 нафар, бо шумули Ҳоҷӣ Замон Ғамшарик, раҳбари бонуфузи як қабилаи маҳаллӣ, ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG