Пайвандҳои дастрасӣ

Лаҳистон аз таъқибу фишор дар Минск нигарон аст


Лаҳистон аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки мақомоти Белорусро барои хатми таъқиби лаҳистониҳои муқими ин кишвар мутмаин созад. Ин мавзӯъ дирӯз дар нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел баррасӣ шуд. Кэтрин Эштон, Дабири Шӯрои Аврупо дар умури масоили байнулмилалӣ, гуфт, ки Брюссел аз фишор болои Иттиҳоди лаҳистониҳо дар Белорус ва раиси он Анжелика Борис нигарон аст. Ин гуна бархурди Минск, ба гуфтаи ӯ, метавонад ба равобити ба тозагӣ эҳёшудаи миёни Иттиҳодияи Аврупов а Белорус латма занад. Ҳамзамон Кэтрин Эштон изҳор намуд, ки дар нишасти вазирони хориҷа дар Брюссел мавзӯъи ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Минск баррасӣ нашудааст.
Ҳафтаи гузашта Варшава дар вокуниш ба забти дафтари Иттиҳоди лаҳистониҳо дар Минск ва боздошти бархе аз фаъолони ин Иттиҳод, сафири худро аз Белорус бозхонда буд
XS
SM
MD
LG