Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко хостори таъсиси иттиҳоди нав шуд


Сарвазири Украина ва собиқ довталаби курсии раисиҷумҳур Юлия Тимошенко аз нерӯҳои демократӣ дар парлумони кишвар даъват кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз таъсиси, ба гуфтаи ӯ, "эътилофи зиддиукраинӣ дар Верховная Рада", дар иттиҳоди нав муттаҳид шаванд. Зимни суханронӣ аз тариқи телевизион хонум Тимошенко изҳор намуд, ки ба иттиҳоди нав метавонанд ба ҷуз ҷонибдорони ӯ. вакилони парлумон аз ҳизби “Украинаи мо-Худдифоъи мардумӣ” ва ҳизби Литвин шомил шаванд. Сарвазир изҳор намуд, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба эътилофе, ки раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина, раиси ҳизби минтақаҳо Виктор Янукович таъсис карданист, ворид нахоҳад шуд.
Виктор Янукович дирӯз изҳор карда буд, ки то охири ҳафтаи оянда эътилофи нави парлумонӣ таъсис хоҳад шуд. Зимни суханронӣ аз тариқи шабакаи телевизионии “Украина” ӯ гуфт, ки иттиҳоди нав “Эътилофи эътидол ва ислоҳот” ном дорад.
XS
SM
MD
LG