Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз баррасии даъвои додрасон Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев ва Фахриддин Додометов алайҳи се нашрияи мустақили Тоҷикистон -- "Азия-Плюс", "Озодагон" ва "Фараж"-ро шурӯъ кард.

Агар дар ин нишаст низ тарафҳо ба созиш нарасанд, эҳтимоли он меравад, ки дар Тоҷикистон як кашокаши пурсарусадо ва давомдори зидди матбуот оғоз меёбад.

Дар мулоқоти нахустин тарафҳо ба пешниҳоди созиш, ки додрас Амриддин Сафоев дар миён гузошт, посухи манфӣ доданд ва дар натиҷа, додгоҳ аз онҳо хост, аснодеро барои ҳимоят аз мавзеъгирии худ омода кунанд.

ПАРВАНДАИ БЕСОБИҚА


Ин муҳокима на танҳо аз рӯи теъдоди нашрияҳое, ки зимни як додхост муштаракан мавриди даъво қарор гирифтаанд, балки ҳамчунон аз лиҳози сангинии маблағи умумии товон (5 500 000 сомонӣ), ширкати ду додраси Додгоҳи Олӣ, печидагии иттиҳомот ва манофеъ ва аз
Вақте ки мо худамон мушкил дорем, вақте ки хонаи худи одам месӯзад, вай ҳеҷ вақт дар бораи хонаи сӯхтаи ҳамсоя андеша намекунад....
ҳама муҳимаш, дар миёна будани мавзӯи барои раҳбарияти кишвар муҳими Роғун комилан бесобиқа аст.

Додхоҳон ҳанӯз пеш аз ҳама гуна расидагӣ ба шикояти хеш дархост кардаанд, ки додгоҳ маблағи товони осеби маънавиро бирӯёнад ва ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, як барномае, ки ба ормони умумимиллӣ табдил ёфтааст, равона кунад. Аксарият бар инанд, ки даъвогарон махсус ба ин нукта таъкид карда, худро ҷонибдори тарҳи Роғун ва нашрияҳоро як навъ мухолифони он муаррифӣ кардаанд..

Сардабирони ҳарсе нашрия мегӯянд, онҳо низ аз тарҳи Роғун ҳимоят мекунанд, вале набояд ин мавзӯъ дар ҳалли баҳс нақш дошта бошад. Коршиносон бар инанд, ки нуктаи марбут ба нерӯгоҳ ба ҳар додрасе, ки даъворо баррасӣ мекунад, асари муайян хоҳад дошт ва биноан, журналистон онро як навъ "фишори равонӣ" ба додгоҳ унвон кардаанд.

ЯК ДОДХОСТИ НАВ


Дар ин байн раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматилло Зойиров рӯзи 22-юми феврал гуфт, нашрияи "Минбари халқ"-ро ба додгоҳ кашидааст ва 500 000 сомонӣ товон мехоҳад. Ба ин тартиб, шумораи нашрияҳое, ки сарнавишташон акнун ба дасти додгоҳ аст, ба 6 адад расид. "Минбари халқ", нашрияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба феҳрасте иборат аз ҳафтаномаҳои мустақили сиёсӣ -- "Азия-Плюс", "Фараж" ,"Озодагон", "Миллат" ва "Пайкон" илова шуд.

Даъвои Зойиров ишорае ба Роғун надорад, аммо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар аризааш бар зидди ҳафтаномаи "Миллат" тақозо кардааст, 1 000 000 сомоние, ки ба ҳайси товони осеби маънавӣ аз ин нашрия ситонда мешавад, бояд ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун фиристода шавад.

ШАБОҲАТҲО ВА ТАФОВУТҲО


Ҳамаи парвандаҳоро асли шикояти додхоҳон ба ҳам монанд мекунад -- тӯҳмат ва паст задани шаьну шарафи инсонӣ ё ҳирфаӣ бо роҳи нашри маълумоти носаҳеҳ. Аммо, ба ақидаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ин танҳо зоҳири масъала аст ва ҳар парванда ангезаҳои хоси худро дорад.

Вай мегӯяд: "Ҳадафи Раҳматилло Зойиров агар дифоъ аз ҳифзи шаъну обрӯи худаш бошад, ҳадафи се судяи мақомоти ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бештар радди он аъмоле мебошад, ки дар васоити ахбори ом ошкор шудааст."

Ба ақидаи ҷаноби Қаршибоев, ҳам ин ва ҳам парвандаҳои зидди "Миллат" ва "Пайкон" бо вуҷуди заминаи начандон қавии ҳуқуқӣ бо мақсади фишор ба матбуот боз шудаанд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, боз шудани парвандаи зидди "Азия-Плюс", "Озодагон" ва "Фараж" аз он лиҳоз нуқс дорад, ки даъвогарон мебоист, 0,5 дарсади маблағи умумии ба ҳайси ҷуброн талабидаи худро ба ҳисоби давлат интиқол медоданд, вале онҳо, ки худро кӯмакрасони Роғун нишон медиҳанд, чунин маблағи пардохти давлатиро нодида гирифтаанд.

Додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, Нур Нуров ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар миқдор пардохте, ки додгоҳ хост, онҳо пардохтаанд, вале вай аз ифшои ҳаҷми умумии маблағ сарпечӣ кард.

КОР ДАР СОЯИ ШАМШЕР


Марат Мамадшоев, сардабири "Азия-Плюс", яке аз се ҳафтаномаи мустақили Тоҷикистон, ки даъвои додрасҳо, яъне онҳое, ки аз рӯи вазифаашон муҳокимаҳои чунин парвандаҳоро дар ӯҳда хоҳанд дошт, бар сарашон соя афкандааст, мегӯяд, ҳарчанд нашрия ба ҳамон шеваи пешина кор мекунад, як бахши умдаи нерӯ ва ғайрати ҳайати эҷодии он сарфи омодагӣ ба ҷаласаи додгоҳ мешавад.

Вай мегӯяд: "Ин фароянд нерӯи моро ба самти дигар мекашад ва табъан, мо наметавонем, ҳамаи қувваи худро ба рӯзноманигорӣ сарф кунем, зеро мо ба ҷустуҷӯи вакилону додгоҳҳо ва чизҳои монанди ин машғулем."

Ҷаноби Мамадшоев меафзояд, бо вуҷуди ин сиёсати ҳафтаномааш тағйир накардааст ва нашри матолиби марбут ба додгоҳҳоро идома додаасту медиҳад. Сардабирони "Фараж" ва "Озодагон" низ ба бетағйир мондани мароми кори худ таъкид мекунанд. Аммо, ҳамзамон, сардабири "Фараж", Хуршеди Атовулло меафзояд: "Вақте ки мо худамон мушкил дорем, вақте ки хонаи худи одам месӯзад, вай ҳеҷ вақт дар бораи хонаи сӯхтаи ҳамсоя андеша намекунад."

"Хонаи сӯхтаи ҳамсоя", ки ҷаноби Атовулло дар назар дорад, маъаракаи интихоботист, ки зоҳиран тамаркузи ҳарсе нашрия ба он халал дидааст.

МӮҲТАВОИ ДОДХОҲӢ


Охири моҳи январ ду додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, Нур Нуров ва Улуғбек Маҳмадшоев ва додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе Фахриддин Додометов се нашрия -- "Азия-Плюс", "Фараж" ва "Озодагон"-ро ба додгоҳ кашиданд. Онҳо чоп шудани изҳороти вакили мудофеъ Солеҳҷон Ҷӯраев дар бораи ҳукмҳои ғайриқонунӣ ва ноодилонаи додрасон ва маводи марбут ба онро тӯҳмат ва паст задани шаъни хеш хонда, талаб карданд, ки нашри ҳафтаномаҳо то фарҷоми баҳси ҳуқуқӣ қатъ гардад
Табъан, мо наметавонем, ҳамаи қувваи худро ба рӯзноманигорӣ сарф кунем, зеро мо ба ҷустуҷӯи вакилону додгоҳҳо ва чизҳои монанди ин машғулем...
.

Журналистон мегӯянд, танҳо вазифаи касбии худро иҷро карда, иттилоеро ба диққати ҷомеа расондаанд ва худро гунаҳкор намедонанд. Аммо додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, Нур Нуров мегӯяд, дар ҳеҷ яке аз нашрияҳо далели ғайриқонунӣ будани ҳукми ӯ оварда нашудааст.

Ҷаноби Нуров афзуд, ба зудӣ дар тамоми нашрияҳо ақидаи додрасон ба чоп хоҳад расид ва ҳақиқат ошкор хоҳад гашт. Вале сардабири ҳатфаномаи "Озодагон", Зафар Сӯфӣ мегӯяд, ҳадафи асосии талоши додрасҳо нашри посух нест: "Мо ҷавобияи онҳоро ба изҳороти вакил Ҷӯраев, ки ба сари худ як санад аст ва ба унвони мақомоти олии ҷумҳурӣ навишта шуда, махфӣ шумурда намешавад, чоп кардем, аммо бо вуҷуди ин ҳам онҳо исрор карданд, ки бо матбуот созиш намекунанд. Ба назар мерасад, ки пушти ин даъвои онҳо худашон нестанд, балки шахсияте ё намедонам, ниҳоде вуҷуд дорад, ки ба эҳтимоли қавӣ, мехоҳад, чашми расонаҳоро тарсонад."

ЭҲТИМОЛИ НАБАРД ВА ОШТӢ


Сардабирони ҳарсе нашрия бар инанд, ки дар додгоҳ аз худ то охир дифоъ хоҳанд кард. Онҳо меафзоянд, аз ҳимояти густардаи хонандагонашон ва созмонҳои журналистӣ нерӯи нав мегиранд.

Ҷаноби Нуров низ мегӯяд, додрасҳо аз даъвои худ то ба охир дифоъ хоҳанд кард, вале меафзояд, қонун ҳама гуна ҳалро пешбинӣ кардааст: "Қонун судяи зинаи якумро ҳам вазифадор мекунад, ки тарафҳоро ба созиш биёрад. Ягон суд манфиатдор нест, ки тарафҳоро ҷанг андозад. Мешинем, гуфтугузор мекунем, агар ба ягон хулосаи даркорӣ биёем, ба тариқи назариявӣ созиш кардани мо аз имкон берун нест."

Аммо ҳанӯз дар мулоқоти аввали тарафҳо дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, додрасҳо гуфтаанд, бо вакили мудофеъ Солҳеҷон Ҷӯраев, ки нашри нома ё изҳороти ӯ сабаби даъвои судӣ шуд, мусолиҳа хоҳанд кард, аммо на бо нашрияҳо.

КОҒАЗИ ЛАКМУСИИ НИЗОМИ ДОДГОҲ


Агар додрасони додхоҳ Роғунро ба коғази лакмусӣ ё санҷишии садоқати додрас ба ормонҳои миллӣ табдил дода бошанд, ҳалномаҳои додгоҳ ба айни чунин коғази санҷишии куллан низоми додгоҳии Тоҷикистон, истиқлолият ё пойбандиҳои он табдил хоҳанд ёфт.

Аз ин лиҳоз ҳатто додхости Раҳматилло Зойиров низ нақши муҳимтаре касб хоҳад кард, ки оё додгоҳ дар байни нашрияҳои мустақил ва давлатӣ ё наздик ба давлат ва миёни шаъну шарафи мансабдорони давлату як намояндаи ҳизби мухолиф чӣ фарқеро қоил хоҳад буд. Ба ҳар сурат, ҳадс зада мешавад, ки ин парвандаҳои пурсарусадо ояндаи низоми додгоҳии Тоҷикистонро барои солҳои мадид шакл хоҳанд дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG