Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МакКристалл шахсан ба Карзай изҳори таассуф кард


Фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ МакКристалл имрӯз дар як мулоқот бо раҳбари Афғонистон Ҳомиди Карзай дар робита ба ҳалокати афроди ғайринизомӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии иштибоҳии НАТО дар марзи вилоёти Дойкундӣ ва Урузгон, изҳори таассуф кард.
Кобул ин ҳамлаи дирӯзаро “ғайриқобилитавҷеҳ” номида, гуфт, бар ин асари он 27 ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Змарай Башарӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ гуфт, нирӯҳои НАТО се микроавтобуси пур аз мусофирро ҳомили нирӯҳои тоза барои ҷангиёни толиб пиндошта ва болои ин мошинҳо ҳамла овардаанд.
Ахбори дигари расида аз Афғонистон мегӯяд, имрӯз таркиши интиҳории бомб дар маҳалли гирдиҳамоии раҳбарони қабоил ва беҷошудагон дар вилояти шарқии Нангарҳор мунҷар ба ҳалокати 14 нафар, бо шумули Ҳоҷӣ Замон Ғамшарик, раҳбари бонуфузи як қабилаи маҳаллӣ шуд. Ва дирӯз ду сарбози хориҷӣ бар асари таркиши бомб дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд. НАТО мегӯяд, ҳалокати онҳо бо амалиёти густарда дар минтақаи Марҷаи вилояти Ҳилманд рабте надорад. Тайи 9 рӯзи ин амалиёт 13 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG