Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони Украина дар куҷо овоз диҳанд?


Бо чунин пурсиш як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Украина ба мо нома фиристодаанд, ки ин ҷо нашр мекунем. Агар шумо ба пурсиши онҳо посух дода тавонед, лутфан, маълумоти худро дар поёни матн бинависед.

Мо, тоҷикон дар шаҳри Харкови Украина қариб 500 нафар мебошем. Баъзе аз мо қариб 20 сол аст, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Чанде аз онҳо баъд аз хатми донишгоҳҳои гуногун дар ин ҷо истиқомат мекунанд.

Аммо аз интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо дар муддати 10-15 соли охир касе чизе нашунидааст.

Дар урфият мегӯянд "каҷ шину рост гап зан". Барои ҳамин ман рости гапро гуфта истодаам. Мо намегӯем, ки мо бесавод ҳастем. Шукри Худованди бузург дар ин ҷо дипломдорон ҳам зиёданд, аммо касе аз тарафи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон боре ҳам бо шаҳрвандони тоҷики муқимии Харков на фақат дар робита ба интихобот, балки умуман дар ягон мавзӯъ вохӯрӣ нагузаронидааст.

Чунин эҳсос мекунем, ки гӯё ки мо ба касе лозим набошем. Аз расонаҳои хабарӣ мешунавем, ки дар вилоятҳои Русия бисёр вохӯриҳои гуногун баргузор мешаванд, аммо чӣ бошад, ки дар мо ин чизҳо боре ҳам дар амал татбиқ нашудааст.

Барои интихобот чанд рӯзе мондааст, аммо бисёре аз тоҷикони ин диёр на факат кай будани интихобот, балкимоҳияти онро низ дарк намекунанд. Агар пурсӣ, дар ҷавоб "хайр, интихобот-да" гӯён механданд. Моро фаромӯш накунед, ҳукуматдорони имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG