Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои милисаи Кӯлоб ва ҲНИТ дар додгоҳ


Намое аз даромадгоҳи Кӯлоб
Намое аз даромадгоҳи Кӯлоб

Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб чаҳор нафар таблиғгари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин шаҳрро барои вайрон кардани қавонини интихобот ба додгоҳ кашидааст.

Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр мегӯяд, кормандони милиса таблиғгарони Ҳизби наҳзати исломиро рӯзи 12 уми феврал ҳангоми таблиғ дар масҷиди маҳаллаи Ҳилоли Аҳмар, маъруф бо номи масҷиди Ҳоҷӣ Мирзо боздошт кардаанд. Ҷаноби Искандаров мегӯяд, боздоштшудагон дар шакли хаттӣ ба ҷурми худ иқрор шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд пас аз ин қазия кормандони милиса намояндагони ин ҳизбро барои аз чаҳорчӯби қонун берун пой наниҳодан огоҳ карда буданд, вале боз ҳам онҳо рӯзи 20 феврал бар хилофи қонун миёни мактаббачагон таблиғот ба роҳ мондаанд.

Вале намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб далелҳои сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳрро бепоя медонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Маҳмадшариф Набиев, раиси минтақаии ин ҳизб онҳо низ аз болои сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ барои таҳқир ва аз болои раҳбари дастгоҳи ҳукумати Кӯлоб барои баркандани варақаҳои таблиғотӣ аз хиёбонҳои шаҳр ба додгоҳ муроҷиат кардаанд. Аммо ҷаноби Набиев мегӯяд, таблиғгарони онҳо аз қавонини интихобот хуб огаҳ буда, ҳеҷ гоҳ берун аз қонун пой наниҳодаанд. Ҷаноби Набиев афзуд: “Мо ҳам ин қазияро ба додгоҳ додаем. Аз рӯи мантиқ агар фикр кунем, моро, ки ҳар як қадамамон санҷида мешавад ва агар дар ин сурат агар ҳар касе, ки қадамашро бе ҷо мегузорад аблаҳ аст. Аммо мо худро аблаҳ намедонем, ки бо як хатои худ исноде ба фаъолият ҳизб биорем.”

Баҳси додгоҳии миёни Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб аввалин баҳси додгоҳӣ дар ростои интихоботи порлумонии кишвар нест. Ҳафтае қабл намояндаи Ҳизби комунист низ аз болои раиси камисюни ҳавзаи интихобтии Кӯлоб 37 барои таҳқир ба додгоҳ шикоят карда буд.
XS
SM
MD
LG