Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 27 афғон бар асари ҳамлаи иштибоҳии НАТО


Давлати Афғонистон мегӯяд, ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО алайҳи як корвони микроавтобусҳо дар вилояти Дойкундӣ мунҷар ба ҳалокати 27 ғайринизомӣ шудааст.

Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар ҳоли идомаи задухӯрд корвони мошинҳо ба самти сангарҳои ҷангиёни толиб ҳаракат мекард. Ба гуфтаи ин сухангӯ, нирӯҳои НАТО иштибоҳан фикр кардаанд, ки ин корвон барои Толибон нирӯи тоза мебарад.

Ҳалокати афроди ғайринизомӣ дар ҷараёни амалиётҳои низомии нирӯҳои хориҷӣ як масъалаи ҳамеша танишзо дар равобити давлати Ҳомиди Карзай бо муттаҳидини ғарбиаш буда, Кобул ҳар дафъа қабл аз амалиёти низомии нирӯҳои байналмилалӣ ба зарурати эҳтиёти тамом ба хотири пешгирӣ аз ҳалокати мардуми ғайринизомӣ таъкид мекунад.

Ҳамлаи ҳавоии НАТО дар вилояти Дойкундӣ рӯзи якшанбе иштибоҳан ба як корвони мошинҳои мусофирбар асобат карда, 27 нафари ғайринизомиро кушта ва даҳҳо тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.

Кобул рӯзи душанбе ин ҳамлаи ҳавоиро “ғайриқобилитавҷеҳ” унвон кард. Змарай Башарӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон дар як гуфтугӯ бо радиои Афғонистони Озод гуфт, мусофирони се микроавтобус дар ин минтақаро иштибоҳан нерӯҳои тоза барои Толибон пиндоштаанд, чунки ин корвони мошинҳо мустақиман ба самти мақари нирӯҳои НАТО ва Афғонистон ҳаракат мекард.

Баёнияи НАТО мегӯяд, ки нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон ва урдуи давлатӣ ба маҳалли ҳамла ҳозир шуда, дар ин ҷо як теъдод афроди ғайринизомии захмӣ, бо шумули занон ва кӯдаконро низ пайдо кардаанд.

Давлати Афғонистон мегӯяд, ҳамлаи ҳавоии иштибоҳии НАТО дар улусволии Гуҷрони вилояти Дойкундӣ, дар наздикии марзи вилояти Урузгон рух додааст. Давлати Афғонистон дар як изҳорот аз НАТО даъват кард, фаъолиятҳояшро бо нирӯҳои афғонӣ аз наздик ҳамоҳанг кунад ва қабл аз роҳандозии ҳар амалиёти низомӣ ба хотири пешгирӣ аз ҳалокати афроди ғайринизомӣ аз камоли эҳтиёт кор бигирад.

Змарай Башарӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, як ҳайъат ба хотири таҳқиқи қазия ба маҳалли ҳодиса рафтааст ва бояд даҳҳо шоҳиди айниро, ки дар ин ҳамлаи ҳавоии иштибоҳӣ ҷароҳат бардоштанд, бозҷӯӣ кунад.

Изҳори таслияти НАТО

Фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон генерали амрикоӣ Стенлӣ МакКристалл дар робита ба ин қазия ба раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай изҳори таслият ва таассуф кардааст. МакКристалл дар як изҳорот гуфтааст, ки НАТО “аз ҳалокати фоҷиабори мардуми бегуноҳ шадидан андӯҳгин аст”. Фармондеҳи НАТО гуфт, ин паймони низомӣ аз ин ба баъд талошҳояш ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳалокати мардуми ғайринизомиро бакарат хоҳад афзуд.

Стенлӣ МакКристалл ҳамчунин гуфт, ба нирӯҳои таҳти фармони НАТО босароҳат фаҳмондааст, ки онҳо дар Афғонистон ба хотири ҳифзи ин мардум қарор доранд ва аз беэҳтиётии онҳо куштаву захмӣ шудани афроди ғайринизомӣ бовар ва эътимоди ин мардумро замин мекунад.

Ин ҳамлаи иштибоҳӣ дар як марҳалаи барои нирӯҳои НАТО ҳассосе иттифоқ уфтод, ки нирӯҳои хориҷиву маҳаллӣ амалиёти густардаи худ алайҳи ҷангиёни толибро дар вилояти ҷанубии Ҳилманд идома медиҳанд.

"Ғайринизомиёнро накушед"

Рӯзи шанбе Ҳомиди Карзай ба нирӯҳои НАТО ҳушдор дода буд, ки ҷиҳати ҳифзи ҳаёти мардуми осоиштае, ки дар маҳалли ин амалиёт дар Ҳилманд дармондаанд, ба қадри кофӣ талош намеварзанд. Ҳарчанд Карзай аз гузоришҳои нирӯҳои афғонӣ ва матбуоти байналмилалӣ хабар дошт, ки мегӯянд, ҷангиёни толиб дар Ҳилманд аз афроди ғайринизомӣ барои худ сипар сохтаанд.

Карзай, ки дар порлумони Афғонистон сӯҳбат мекард, ба як қазияи пештари ҳалокати 12 ғайринизомӣ дар шаҳри Марҷа ишора кард, ки як тирандози толиб дар манзили онҳо сангар гирифта буд ва ба ин далел ҳавопаймои НАТО болои ин манзил мушак андохт.

Бо ин вуҷуд, Ҳомиди Карзай гуфт, ки нирӯҳои НАТО ва Афғонистон бояд мизони ҳалокати афроди ғайринизомиро ба ҳадди сифр бубаранд. Ҳатто дар сурате, ки агар ҷангиён мардуми ғайринизомиро дар айни ҷӯши ҷанг гаравгон бигиранд.
XS
SM
MD
LG