Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавсифи Ҳолбрук аз тасмими ахири Гурҷистон


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон, аз тасмими Гурҷистон ҷиҳати ирсоли ҳудуди 1000 сарбоз ба Афғонистон тавсиф кард.
Ҳолбрук дар пайи дидораш аз Кобулу Исломобод ва пойтахтҳои Осиёи Марказӣ феълан дар Гурҷистон ба сар мебарад. Ӯ дар як пойгоҳи низомӣ дар ҳошияи Тифлис ба хабарнигорон гуфт, бавижа ин нукта ки Гурҷистон истифодаи нирӯҳояш дар амалиёти ҷангиро истисно намекунад, мояи хушии Вошингтон шудааст. Гурҷистон феълан дар Афғонистон 170 сарбоз дошта, дар садади эъзоми ҳудуди 800 аскари дигар ба вилояти ошӯбзадаи Ҳилманд аст.
XS
SM
MD
LG