Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз додгоҳ дод хостани “Lufthansa”


Ширкати олмонии “Lufthansa”, ки аз лиҳози фурӯшот бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Аврупо маҳсуб мешавад, аз додгоҳ хостааст, корпартоии халабонҳои ин ширкатро манъ кунад. Иттиҳодияи синфии халабонҳо дар вокуниш ба талоши эҳтимолиии “Lufthansa” ҷиҳати ҷалби халабонҳои хориҷӣ бо маоши камтар даст ба корпартоии чоррӯза заданд, ки алакай мунҷар ба лағви садҳо парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат шудааст. Ин корпартоӣ метавонад дар маҷмӯъ 3200 парвози “Lufthansa” лағв кунад. “Lufthansa” хисороти эҳтимолиаш аз лағви парвозҳоро 100 миллион евро баровард мекунад.
XS
SM
MD
LG