Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арқоми дақиқтар дар бораи қурбониёни ҳамлаи ҳавоӣ


Давлати Афғонистон мегӯяд, дирӯз бар асари ҳамлаи иштибоҳии нирӯҳои ҳавоии НАТО алайҳи як корвони мошинҳо дар марзи вилоёти Дойкундӣ ва Урузгон 27 ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Қаблан дар бораи ҳалокати 33 нафар дар ин ҳамла гузориш шуда буд.
Кобул ин ҳамлаи ҳавоиро “ғайриқобилитавҷеҳ” номид ва хостори ҳамоҳангии бештари фаъолиятҳои НАТО ба хотири пешгирӣ аз ҳалокати афроди ғайринизомӣ даро оняда шуд. Змарай Башарӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ гуфт, нирӯҳои НАТО се микроавтобуси мусофирбарро ҳомили нирӯҳои тоза барои ҷангиёни толиб пиндоштаанд.
НАТО гуфт, ин корвон ба самти нирӯҳои НАТО ва Афғонистон ҳаракат мекард. Фармондеҳи НАТО генерал Стенлӣ МакКристалл дар робита ба ин қазия ба раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай изҳори таслият ва таассуф кардааст.
XS
SM
MD
LG