Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши интиҳорӣ дар бузургтарин шаҳри водии Свот


Имрӯз бар асари таркиши маргталабонаи бомб дар Мингора, бузургтарин шаҳр дар водии Своти Покистон дастикам 6 нафар кушта шуданд. Пулис мегӯяд, ҳамлагар зоҳиран як корвони артишро ба ҳадаф дошт. Дар натиҷаи таркиш чандин мошин ва дӯконҳои атроф тахриб шуд. Артиши Покистон соли гузашта алайҳи ҷангиёни толиб дар водии Свот, тақрибан 120-километрии шимолуғарби пойтахт, шаҳри Исломобод, амалиёти густардае ба роҳ андохта, ин минтақаро аз зери назорати Таҳрики Толибони Покистон берун овард.
XS
SM
MD
LG