Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон истифода аз аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дар лавҳаву овезаҳои таблиғии худро ба таври васеь ба роҳ мондааст.

Дар ин лавҳаҳои таблиғӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардум даъват мекунад, ки дар рӯзи интихобот ба тарафдорӣ аз ҲХД овоз диҳанд. Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан ваъда дода буд, ки кафили баргузории як интихоботи шаффофу озод ва демократӣ хоҳад буд, коршиносон мегӯянд чунин даъватҳои ӯ барои пуштибонӣ аз як ҳизб воқеъият ва самимияти ваъдаи ӯро зери суол ва шубҳа гузоштааст.

Нозирони интихоботӣ аз САҲА барои интихоботи парлумонии Тоҷикистон нахостанд дар ин бора изҳори назар кунанд ва бигӯянд, ки амали раиси ҷумҳурии Тоҷикистон то куҷо баробарии ширкати аҳзоб дар интихоботро зери суол мебарад?

Вале Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсилал-демократи Тоҷикистон мегӯяд мавҷудияти акси раиси ҷумҳур дар наворҳову таблиғияҳои ҲХДТ хилофи қавонини кишвар аст. Зеро раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи вакил шудан дар Маҷлисро надорад ва аз тарафи дигар ӯ ба ҳайси раиси ҷумҳурӣ ӯҳдадор аст, ки ширкати баробари ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар ин маъракаро таъмин кунад.

Раҳматулло Зойиров чанде қабл пешниҳод карда буд, ки президент ҳадди ақал дар замони интихоботи порлумонӣ ваколатҳои худ ба ҳайси раиси ҲХДТ-ро мутаваққиф кунад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, аз онки ҲХДТ дар маъракаи таблиғотии худ аз аксу суратҳои президент истифода мекунад, набояд шаффофияти интихобот мавриди тардид қарор гирад. Ба ақидаи оқои Сафаров ба маҳзи ширкати президент дар таблиғоти интихоботӣ пеши роҳи мудохилаҳои пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ гирифта мешавад.

Аммо коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, дар ин навбати интихобот маъракаи таблиғи пешазинтихоботӣ аз сӯи аҳзоби дигарандеше чун ҲНИТ ва ҲСДТ тавре роҳандозӣ шуд, ки ҲХДТ ба ин суръат пешрафт кардани онҳоро интизор надошт. Ва ҳоло, ки ба гуфтаи ин коршиносон мақомот аз афзоиши нуфузи аҳзоби дигарандеш ва ба хусус аз амалкардаҳои ғайри қобили пешнбинии ҲНИТ огаҳ шуданд бо васоил ва имконоте, ки доранд ҷилави пешравии онҳоро мегиранд.

Дар ҳамин ҳол бархе дигар аз коршиносон мӯътақиданд, ки истифода аз аксу суратҳои президент дар лавҳаҳои таблиғии ҲХДТ паём ба мақомоти ҳокимият дар маҳалҳост, ки бояд намояндаи ин ҳизб ҳатман баранда шавад. Вале мегӯянд ин коршиносон, шояд бо ин васила ҲХДТ битавонад аксари мутлақи курсиҳои порлумони ондаро ишғол кунад, аммо бар ивази онки президент дигарбора нахоҳад тавонист бар дурустии ваъдаҳои худ ҷомеаро мутақоид кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG