Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон ду корхонаи ҷадиди ҳастаӣ месозад


Алиакбар Солеҳӣ, раҳбари Созмони ҳастаии Эрон гуфт, ки Теҳрон ҷиҳати бунёди ду таъсисоти нави ҳастаӣ тасмим гирифтааст, ки то ду соли дигар сохта хоҳанд шуд. Қарор аст, эҳдоси ин корхонаҳои ҳастаӣ аз моҳи март шурӯъ шавад.
Алиакбар Солеҳӣ гуфт, Эрон 20 маҳаллро барои ғанисозии ураниум ҷудо мекунад. Эрон дар моҳи ноябр барномаи эҳдоси 10 корхонаи нави ғанисозиро эълон карда буд. Ба бовари кишварҳои Ғарб, Эрон барномаи сохтани таслиҳоти ҳастаиро дунбол дорад. Аммо Эрон ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG