Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИА дар робита ба қазияи шиносномаҳо


ИА дар бораи истифодаи шиносномаҳои аврупоӣ дар ҷараёни анҷоми сӯъиқасди моҳи гузашта алайҳи фармондеҳи Ҳамос дар Дубай изҳори нигаронии шадид кард. Михел Анхел Моратинос, вазири хориҷаи Испания, ки кишвараш раёсати давраии ИА-ро бар дӯш дорад, ба муҷарради расиданаш ба нишасти вазирони хориҷаи ИА дар Брюссел чунин изҳорот дод.
Қарор аст, вазири хориҷаи Исроил Авегдор Либерман имрӯз дар Брюссел бо Моратинос ва чандин вазири дигари Аврупо мулоқот карда, истифодаи шиносномаҳои Бритониёву Ирландия ва Фаронсаву Олмонро дар иҷрои сӯъиқасд ба ҷони Маҳмуд ал-Мадҳуҳ ташреҳ кунад.
XS
SM
MD
LG