Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви 800 парвози “Lufthansa” ба далели корпартоӣ


Ширкати ҳавопаймоии Олмон “Lufthansa” ба далели шурӯъи корпартоии чоррӯзаи беш аз 4 000 халабони ин ширкат имрӯз наздики 800 парвозашро лағв кард. Лағви ин парвозҳо ба ҳудуди 10 000 мусофир дар саросари ҷаҳон таъсир хоҳад гузошт.
Халабонҳои “Lufthansa” ҳамин тавр, халабонҳои “Lufthansa Cargo” ва “Germanwings” корро то рӯзи панҷшанбе қатъ карда, боло бурдани маоши худро талаб гузоштаанд. Ин корпартоӣ метавонад дар маҷмӯъ мунҷар ба лағви 3200 парвоз шавад.
“Lufthansa” аз лиҳози фурӯш бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Аврупо дониста шуда, талошҳояш ба хотири ҷалби халабонҳои хориҷӣ бо маоши камтар сабаби эътирози ахир шудааст.
XS
SM
MD
LG