Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 2 сарбози хориҷӣ дар ҷануби Афғонистон


Дирӯз дар ҷануби Афғонистон боз ду сарбози хориҷӣ кушта шуданд. НАТО мегӯяд, ин ду сарбоз бар асари таркиши бомб ҷони худро аз даст доданд ва ҳалокати онҳо бо амалиёти густардае, ки дар ин минтақа ба роҳ андохтаанд, рабте надорад. Аз рӯзи 13 феврал ба ин сӯ ҳудуди 15 000 сарбоз, бо шумули 4400 сарбози Урдуи давлатии Афғонистон дар вилояти Ҳилманд амалиёти густардаеро алайҳи ҷангиёни толиб пеш мебаранд. То кунун дар ҷараёни ин амалиёт 13 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG