Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 33 ғайринизомӣ дар ҳамлаи ҳавоии НАТО


Давлати Афғонистон мегӯянд, дирӯз бар асари ҳамлаи иштибоҳии нирӯҳои ҳавоии НАТО алайҳи як корвони мошинҳо дар улусволии Дойкундии вилояти Ҷузҷон 33 ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Кобул ин ҳамлаи ҳавоиро “ғайриқобилитавҷеҳ” номид. Змарай Башарӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, нирӯҳои НАТО се микроавтобуси мусофирбарро ҳомили нирӯҳои тоза барои ҷангиёни толиб пиндоштаанд.
Фармондеҳи НАТО генерал Стенлӣ МакКристалл дар робита ба ҳалокати мардуми ғайриенихзомӣ ба раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай изҳори таслият ва таассуф кардааст.
XS
SM
MD
LG