Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҲСДТ "Минбари халқ"-ро ба додгоҳ кашид


Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, “Минбари халқ”, нашрияи расмии ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро ба маҳзи нашри як матлаби тӯҳматомезбо номи “Даъвоҳои беасос ба хотири қасос, ё Зоиров аз давлату миллати тоҷик чӣ мехоҳад?” ба додгоҳ кашидааст. Оқои Зоиров гуфт, ин матлабро дар остонаи интихоботи парлумонӣ бо ҳадафи резондани обрӯи ӯву ҳизбаш ҳадафмандона нашр кардаанд.
Раҳматуллоҳ Зоиров афзуд, матлаби “Минбари халқ” идомаи силсилаи матолибест, ки аксаран дар нашрияҳои расмӣ нашр шуда, ба ӯ тӯҳмат мезананд.
Ӯ афзуд, ки мехоҳад ҳамин тавр нашрияи давлатии “Ҷумҳурият”-ро ба маҳзи нашри матлабе бо номи “Шумо ба осиёби кӣ об мерезед, ҷаноби Зоиров?” низ ба додгоҳ бикашонад.
XS
SM
MD
LG