Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти «Вахш» дар нахустин бозиаш дар Туркманистон


Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар нахустин бозиаш дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон аз тими «Олтин асир»-и Ишқобод бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Бозии қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо барандаи Ҷоми Туркманистон 20-уми феврал дар варзишгоҳи «Олимпӣ»-и шаҳри Ишқобод баргузор шуд.

Ҳисобро Муродбердӣ Байлиев дар дақиқаи 28-ум боз кард. Дар дақиқаи 80-ум меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ бозигари мизбонон Ориф Мирзоевро аз по афтонданд. Худи ҷабрдида аз ҷаримаи 11-метра тӯбро ба ҳадаф расонд.

Дар 16-умин давраи ин мусобиқаи байнулмилалӣ ҳашт даста аз 7 кишвар ширкат доранд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.

«Вахш» дар ду бозии дигари сабқати гурӯҳӣ 22-юми феврал бо мунтахаби бошгоҳҳои футболи Туркия ва 24-уми феврал бо «Ганҷасар»-и Арманистон зӯрозмоӣ мекунад. Воқеъан бозии футболбозони Арманистон ва Туркия бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «В» бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфтанд: «Оқҷепес»-и Қазоқистон - «Экранас»-и Литва – 1:1, «Абдиш – Ота»-и Қирғизистон - «Небитчӣ»-и Балканобод – 0:1.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони он ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳои мағлубшудаи даври ниманиҳоӣ барои ҷои севум мубориза мебаранд.

Маблағи ҷавоизи ин мусобиқот 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бар асоси низомномаи мусобиқот ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG