Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Владимир Мотил


Коргардони маъруфи синамои рус Владимир Мотил дирӯз, дар синни 83-солагӣ аз дунё гузашт. Ӯ рӯзи 5 феврал дар манзилаш дар Маскав аз по уфтода, сутунмӯҳраашро аз ноҳияи гардан шикаст ва аз ҳамон рӯз дар як ҳоли вахим дар бемористон таҳти табобат қарор дошт.
Владимир Мотил нахустин филми ҳунариаш “Бачаҳои Помир”-ро соли 1963 дар студияи “Тоҷикфилм” рӯи навор оварда, ба унвони “Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон” низ сазовор шудааст. Филмҳои баъдиаш, аз ҷумла “Офтоби сӯзони биёбон”, “Женя, Женечка ва “катюша” ва “Ситораи бахти оламгир”, барои Владимир Мотил шӯҳрати беназир оварданд.
XS
SM
MD
LG